Ҳабси имомхатиби масҷиди Қӯрғонтеппа барои нашъаҷаллобӣ

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ҳудуди ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардид. Бино ба иттилои шуъбаи […]



Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ҳудуди ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, экспертизаи судӣ муайян намудааст, маводи боздоштшуда афюн мебошад. «Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, имом-хатиб афюн истеъмол менамудааст ва ҳатто онро дар байни сокинон мефурӯхтааст. Бо роҳи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар сокинони вилоят дастгир гардиданд, ки ба имом-хатиб афюнро мефурӯхтанд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.