«Ҷумҳурият» Кабириро ситоиш ва муовини ӯро танқид кард

Нашрияи расмии ҳукукмати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар маводе таҳти унвони «Андешаҳо дар ҳошияи Баёнияи ҲНИТ» аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ситоиш намуда, вале муовини ӯ Маҳмадалии Ҳайитро мавриди интиқод қарор додааст. «Иқрор бояд шуд, ки ахиран раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун нафаре муаррифӣ кард, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ авлотар медонад. Номбурдаро муяссар гашт, […]



Нашрияи расмии ҳукукмати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар маводе таҳти унвони

«Андешаҳо дар ҳошияи Баёнияи ҲНИТ»

аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ситоиш намуда, вале муовини ӯ Маҳмадалии Ҳайитро мавриди интиқод қарор додааст.

«Иқрор бояд шуд, ки ахиран раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун нафаре муаррифӣ кард, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ авлотар медонад. Номбурдаро муяссар гашт, ки тавассути иқдомоти дурандешонаи сиёсӣ дар давраи интихобот аз як ҷониб манфиатҳои умумимиллиро бар ҳадафҳои ҳизбӣ-гурӯҳӣ боло гузорад ва аз тарафи дигар пайдо шудани рахнаро дар муносибатҳои ҳизбу давлат пешгирӣ кунад. Аммо касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки ин гашти қавии Муҳиддин Кабирӣ дар майдони бозиҳои сиёсӣ, то кадом давра ҳизби наҳзатро ҳимоя менамояд», – зикр мегардад дар мақола.

Муаллифони мавод таъкид мекунанд, ки «барои ҳеҷ кас дигар пӯшида нест, ки вақтҳои охир дар дохили ҲНИТ нерӯчаи тозае сар баровардааст, ки шартан онро метавон дастаи «ҳайитчиёни наҳзат» унвон кард».

«Теъдоди онҳо он қадар зиёд набошад ҳам, бо афкору ақидаҳои «ҳизбуллоҳ»-ии худ ҳамеша пофишорӣ мекунанд, ки ҲНИТ дар тасмимгириҳои хеш аз эҳтиёту таҳаммулгароӣ даст кашад. Онҳо ҳатто агар тухми мурғашон дертар барояд, шикваро аз кадом як протоколи сохтаи 32/20 оғоз мекунанд (рушди техникии муосир имкон медиҳад, ки ҳатто донишҷӯи сатҳи миёна рӯзе даҳҳо чунин протоколу санадҳои тақаллубиро сохта дар шабакаи Интернет паҳн кунад). Ғайр аз ин, агар чунин протоколе ҳам бошад, ҳаққу вазифаи давлат аст, ки чунин корҳоеро барои таъмини амнияти мардум ва сохти конститутсионӣ пешбинӣ намояд», – қайд мекунанд муаллифон.

Дар ҳамин ҳол, ахиран ин бори нахуст аст, ки нашрияи ҳукуматӣ аз раиси ҲНИТ ситоиш мекунад. Қаблан дар маводи сершумори ин нашрия Кабирӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит бо ошкоргӯиҳояш назди мардум маъруф аст. Моҳи апрели соли 2013 аз ҷониби афроди номаълум ӯ мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта буд. Гунаҳкорони ин лату кӯб то ҳол дарёфт нашудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.