Роҳбари намояндагии ИА ба Аслов нусхаи эътимоднома супурд



Роҳбари навтайиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Ҳидает Бишчевич нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, Сироҷидин Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири нави Иттиҳоди Аврупо барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро нисбати сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баён намуданд. Таъкид гардид, ки барномаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2020 ба тавсеаи минбаъдаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот равона хоҳад шуд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика, амният, вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное