Роҳбари намояндагии ИА ба Аслов нусхаи эътимоднома супурд

Роҳбари навтайиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Ҳидает Бишчевич нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, Сироҷидин Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири нави Иттиҳоди Аврупо барои таҳким ва инкишофи […]



Роҳбари навтайиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Ҳидает Бишчевич нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, Сироҷидин Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири нави Иттиҳоди Аврупо барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро нисбати сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баён намуданд. Таъкид гардид, ки барномаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2020 ба тавсеаи минбаъдаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот равона хоҳад шуд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика, амният, вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.