Саноатчиёни Суғд суръати баланди рушди истеҳсолотро таъмин карданд

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо саноатчиёни вилоят барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатпазир як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин муддат аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли […]



Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо саноатчиёни вилоят барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатпазир як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин муддат аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 2,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 132,3 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, соли равон 120 адад корхонаҳои нави хурду бузург дар вилоят бо теъдоди 2 ҳазору 500 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.