Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар «Кохи Борбад» вохӯрии президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон баргузор мешавад. Оғоз соати 08-00;

– Дар маркази фарҳанги «Бактрия» ба муносибати Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9970

сомонӣ;


1

евро –

6.3431

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.12


34



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи байнулмилалии стандартизатсия


1924

– Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон).


1948

– Таъсиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон.


2003

– Ифтитоҳи Бозиҳои V-уми Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки дар он беш аз 700 нафар варзишгарони минтақа ширкат варзиданд.


2009

— Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ»-ро маъқул шуморид, ки мутобиқи он минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ аз харидани манзили зист дар қаламрави ҶТ маҳрум шуданд.


2011

— Президент ба дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Анвар Юнусов автомашина тақдим намуд.


1912-1971

– Зодрӯзи дирижёр ва оҳангсоз Аъзам Камолов.


1929

– Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Лола Исмоилова, дорандаи дипломи №1-и ДДТ.


1933

– Зодрӯзи журналист Занҷирбек Ёрбеков.


1940-2003

– Мавлуди рӯзноманигор Малаш Раҳмонқулов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +13+18;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +15+17.

spot_imgspot_img

Популярное