Саноатчиёни Суғд суръати баланди рушди истеҳсолотро таъмин карданд



Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо саноатчиёни вилоят барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатпазир як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин муддат аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 2,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 132,3 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, соли равон 120 адад корхонаҳои нави хурду бузург дар вилоят бо теъдоди 2 ҳазору 500 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное