Дар Маҷлиси намояндагон тағйирот ба 4 қонун баррасӣ мешавад



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» баррасӣ мешаванд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакилон ҳамчунин масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бораи сохтмони бино (комплекси биноҳо)-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Ҷиликӯл ва дигар созишномаҳои қарзиву бурсӣ миёни Тоҷикистон ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное