Муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти «Гуногунии таркиби ғизо миёни занон» дар Душанбе

Дар Агентии омори назди президенти ҶТ рӯзи 14-уми октябр маросими муаррифии таҳқиқоти «Гуногунии таркиби ғизо миёни занон»  доир гардид. Таҳқиқоти мазкур дар доираи «Таҳқиқи буҷети хонаводаҳо» дар моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон баргузор шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин маросим кормандони муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои […]



Дар Агентии омори назди президенти ҶТ рӯзи 14-уми октябр маросими муаррифии таҳқиқоти «Гуногунии таркиби ғизо миёни занон»  доир гардид. Таҳқиқоти мазкур дар доираи «Таҳқиқи буҷети хонаводаҳо» дар моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон баргузор шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин маросим кормандони муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо ҷалбшуда ширкат варзиданд.

Бисту се нафар кормандони Агентии омор дар семинари 6 рӯзае, ки моҳи май соли 2014 дар шаҳри Курғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гадид нозукиҳои гузаронидани чунин тадқиқотро аз мутобиқнамоии ин барнома ба шароити кишвар то ҷамъоварию таҳлили маълумот омӯхтанд. Баъди омӯзиш, кормандони Агентии омор усули баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занонро, ки ба шароити кишвар мувофиқ шуда буд тариқи таҷрибавӣ дар 4 минтақаи шаҳрнишин ва 11 минтақаи рустоии вилояти Хатлон истифода намуданд: дар маҷмӯъ бо 331 нафар занони синни солаи мёнаашон 34.5 сола мусоҳиба намуданд.

Натиҷаҳои аввалия гуногунии таркиби ғизоии занон дар вилояти Хатлонро нисбат ба тадқиқотҳои ҳамсон, ки қаблан дар кишварҳои дигар баргузор гардидааст беҳтар шумориданд: натиҷаҳо эҳтимолияти таркиби ғизоии (вуҷуди витамину минералҳо) занони ба тадқиқот фарогирифтаро хуб нишон доданд. Аммо, эҳтимол меравад, замони гузаронидани тадқиқот, ки ба моҳи июн, яъне мавсими фаровонии меваю сабзиҷот рост омад ва ин ки маълумот танҳо аз як минтақаи чуғрофӣ ҷамъоварӣ шудааст ба чунин натиҷагирӣ таъсир расонида бошад.

Дар ҷараёни маросими муаррифӣ таъкид шуд, ки гузаронидани тадқиқоти гуногунии таркиби ғизоӣ дар миқёси васеътар, ки мавсимҳои гуногуни сол, минтақаҳои мухталиф ва гуруҳҳои иҷтимоиву иқтисодии гуногунро дар кишвар фаро гирад метавонад арқоми муҳимро дар сатҳи миллӣ дар ихтиёри мақомоти тасмимгиранда гузорад. Чунин тадқиқот ҳамчунин метавонад дар муайян намудани минтақаҳо ва он қисмати аҳолӣ, ки таҳти хатари камғизоӣ ё норасоии микроэлеменҳо қарор доранд кӯмак намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.