Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ санаи баргузории анҷумани пеш аз интихоботро муайян карданд

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) дар бораи санаи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе даъват шудани анҷумани пешазинтихоботии ҳизб қарор қабул кард. Раиси ҲДТ Саидҷаъафр Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар анҷумани ҳизб ҳудуди 80 нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд. «Дар палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба […]



Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) дар бораи санаи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе даъват шудани анҷумани пешазинтихоботии ҳизб қарор қабул кард.

Раиси ҲДТ Саидҷаъафр Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар анҷумани ҳизб ҳудуди 80 нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

«Дар палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба он ахири моҳи феврали соли оянда дар назар аст, мо фраксияи худ дар ҳайати 5 нафарро ташкил карданием. Ба раҳбарияти нави ҳизб, ки ахири соли 2013 интихоб карда шуд, то ба имрӯз муяссар гардид, ки бахшҳои ҳизбро дар 54 шаҳру навоҳии кишвар дубора фаъол созад», – гуфт ӯ.

Тибқи ҳисоби пешакии ҲДТ, на камтар аз 5 номзадҳо аз ҳизб ба парлумон ворид хоҳанд шуд. «Талаби асосӣ аз номзадҳо ба вакилӣ аз ҲДТ ватандӯстӣ, қобилияти шунидан ва дарки арзу шикоят ва пешниҳодҳои интихобкунандагон ва то ҳукуматдорон расонидани мушкилоти онҳо, сиёсатмадор будан мебошад, ки тавонад мунсифона манфиатҳои воқеъии миллиро ҳимоят кунад», – иброз дошт С.Исмонов.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.