Номи Рустам Ҳукумов, писари калонии собиқ сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон боз дар маълумоти ҷиноятӣ пайдо шуд.
Тавре манбаъҳои «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар доданд, ин дафъа Рустам Ҳукумов аз аслиҳаи пневматикӣ ба сардори Бозрасии давлатии автомобили ноҳияи Айнӣ тир парронида, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб заданӣ шудааст.
Ҳодиса дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, каме дуртар аз маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ, дар қаламрави деҳаи Варзи Манор ба вуқӯъ пайваста, мошини боркаше ба баста шудани пеши роҳи автомашинаи Ҳукумов, ки ба Хуҷанд раҳсипор будааст, боис мегардад,.
«Автомашинаи Ҳукумов қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва автомашинаро тарзе мегузорад, ки ҳаракат дар роҳ пурра баста мешавад. Ӯ ба кормандони БДА-и ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда худсаронаву дағалрафторӣ намуда, ба сӯйи сардори БДА-и ноҳияи Айнӣ Саидҷон Набиев, ки мехост рақами автомашинаи ронандаи худсарро гирад, аз таппончаи пневматикӣ се маротиба тир холӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», – гуфт манбаъ.
Ӯро дар дидбонгоҳи навбатии БДА, дар наздикии ағбаи Шаҳристон боздошт мекунанд. Ба иттилои манбаъ, айни замон Р.Ҳукумов дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД ноҳияи Айнӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки расо як сол қабл, моҳи октябри соли 2013 дар Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва истифодаи аслиҳаи травматикӣ манъ шуд. Фармон «Дар бораи андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва қисмҳои асосии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби президенти ҶТ ба имзо расида буд, ба таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо бо истифодаи яроқи ғайринизомӣ нигаронида шуда буд.
Чанд сол қабл Рустам Ҳукумов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар қаламрави Русия боздошт ва соли 2008 ба 9 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале баъди 3,5 сол бегуноҳ эътироф гардида, ба ватан баргашт.
Як сол пеш автомашинаи таҳти идораи Расули Амонуллои 16-сола, писари хурдии Амонулло Ҳукуматулло дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо автошинаи дигар бархӯрда, ба марги се нафар боис гардид. Он замон модари наврас барои риоя накардани муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд. Вазири корҳои дохилӣ зимни конфронси матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нисбати ин ҳодиса 7 ташхис гузаронида шуда, онҳо гунаҳкор набудани Расули Амонулло дар ин садамаро нишон додаанд.



