Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи беш аз 1,4 млрд. $

Давоми моҳҳои январ-сентябрии соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 7 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – […]



Давоми моҳҳои январ-сентябрии соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 7 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,4 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6% зиёдтар аст.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 14,7, саноати коркард – 63% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 22,3%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар 41 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 38 номгӯй  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 11 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Аз 1 ҳазору 143 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда аз оғози сол 184 корхона аз фаъолият бозмондаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.