Боздиди роҳбари тозатаъини намояндагии СММ аз АНМН



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо хонум Ашита Миттал – Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ Р. Назарзода меҳмонро бо таъин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, боварӣ изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ боз ҳам вусъат меёбад.

 Роҳбари Агентӣ меҳмонро бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, таърих, фаъолият ва сохтори Агентӣ шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ Р. Назарзода оид ба вазъият вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо, INL, DEA (ШМА), Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар нақл намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки айни ҳол сохтмони шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ҷиргатол ва Исфара ба анҷом расида истодааст.

Р. Назарзода инчунин илова намуд, ки аз тарафи Тоҷикистон 3 барномаи миллии давлатӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар қабул шудааст, 17 қарордоди байниҳукуматӣ имзо гардида, “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 239 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 18 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, 52 лабораторияи пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин ошкор ва нобуд гардид, 312 шаҳрванди Афғонистон ва Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт гардиданд. 

Роҳбари Агентӣ ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони Агентӣ арзи сипос намуда, меҳмонро бовар кунонид, ки ҳамаи кӯмаки Раёсати СММ мақсаднок барои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар истифода карда мешавад.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои мухталиф дар чорчӯбаи СҲШ, СПАД, “Чоргонаи зиддимухаддиротӣ (Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Россия) дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар омода аст.

Дар хотима Директори Агентӣ хонум Митталро бо дурнамои рушди Агентӣ шинос намуд ва қайд намуд, ки айни ҳол лоиҳаи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо” омода карда шудааст. Инчунин ӯ як қатор пешниҳодҳоро оид ба такмил додани система дар ин самт ворид намуд.

Дар нутқи ҷавобии худ хонум Миттал ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак дар заминаи дутарафа ва нуқтаи назари дутарафаи минтақавӣ ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Сипас хонум Миттал аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ, ҷои тирпарронӣ ва оташдони Агентӣ дидан кард.

spot_imgspot_img

Популярное