Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон

Рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро Шоҳин Мустафоев, вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарӣ […]



Рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро Шоҳин Мустафоев, вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардида, ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва техникию иқтисодӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва намояндагиҳои он дар ҳудуди ҳар ду ҷониб таваҷҷуҳи бештар дода шуд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.