Дар Гран-прии дзюдои Тошканд Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Аз 16 то 18-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд мусобиқаи дуюм оид ба дзюдо дар таърихи ин кишвар аз силсилаи Гран-при доир мегардад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо ҳамасола дар 10 кишвари саросари дунё гузаронида мешаванд. Тошканд ҳуқуқи баргузории […]



Аз 16 то 18-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд мусобиқаи дуюм оид ба дзюдо дар таърихи ин кишвар аз силсилаи Гран-при доир мегардад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо ҳамасола дар 10 кишвари саросари дунё гузаронида мешаванд. Тошканд ҳуқуқи баргузории онро ба муддати 4 сол, яъне то соли 2016 касб намудааст.

Гуфта мешавад, маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқоти мазкур имрӯз дар маҷмаии варзишии «Ӯзбекистон доир гардида, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 10 нафар варзишгарон дар шаш вазн (ба ҷуз вазни 60 кило) миёни мардон намояндагӣ мекунанд.


Вазни 66 кг

Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон) – Улуғбек Норқобилов (Ӯзбекистон)

Расул Абдушарифов (Тоҷикистон) – Анзаур Арданов (Русия)


Вазни  73 кг

Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон) – Ҳасан Ванлиоғлу (Туркия)


Вазни 81 кг

Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) – Муҳаммад Абделаал (Миср)

Комрон Карликов (Тоҷикистон) – Элдар Зарифхонов (Қазоқистон)


Вазни 90 кг

Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) –ғолиби ҷуфти Туркия-Булғористон

Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) – Эркин Дониёров (Ӯзбекистон)


Вазни 100 кг

Неъматулло Асронқулов (Тоҷикистон) – Адлан Бисултонов (Русия)

Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон) – Соиб Қурбонов (Ӯзбекистон)


Вазни +100 кг

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон) – Абдулло Тангриев (Ӯзбекистон).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.