Вохӯрии дипломати тоҷик бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия

Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Илёс Умахонов баргузор шуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни суҳбат масоили омодагӣ ба Конфронси III-юм оид ба ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия ва Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон»: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки ҳафтаи […]



Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Илёс Умахонов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни суҳбат масоили омодагӣ ба Конфронси III-юм оид ба ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия ва Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон»: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки ҳафтаи оянда дар пойтахти Русия доир мегарданд, баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, муовинони нахуствазири Тоҷикистон, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ва ҳамчунин намояндагони сохторҳои дахлдор аз ҷониби Русия ширкат варзида, атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо дар самти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкории гуманитарӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.