Р.Раҳимзода: 50 нафар тоҷикистониён дар Сурия кушта шуданд

Зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда […]



Зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда 50 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, феълан нисбати 19 нафар мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбати 12 нафар маълумот ҷамъоварӣ ва барои оғози парвандаи ҷиноӣ ба мақомоти тафтишот ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, муфтиёти Тоҷикистон иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷи кишварро «гуноҳи бузург» номида, ба сулҳу созиш дар дохили кишвар даъват мекунад.

Чанде қабл покуратураи вилояти Суғд дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилояти Суғд, ки нияти иштирок дар даргириҳои Сурияро доштанд, хабар дод. Санаи 26-уми сентябр нахуст 2 нафари онҳо боздошт ва сипас тибқи нишондодҳои боздоштшудагон боқимонда 8 нафари дигар дастгир шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷавононе, ки дар даргириҳои Сурия иштирок доранд, даъват ба амал овард, ки бидуни ҳеҷ ҳаросе аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба ватан баргарданд ва ба ҳаёти осоиштаашон идома диҳанд. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки дар сурати ба Тоҷикистон ихтиёрӣ баргаштану ба ҳукуматдорон таслим шудан, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.