Боздошти диктори маъруфи телевизион ба гумони қаллобӣ

Диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз ҷониби кормандлони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки то субҳи […]



Диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз ҷониби кормандлони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки то субҳи имрӯз ба М.Ҷӯраева то ҳол айбномаи расмӣ пешниҳод нашудааст. «Муаттара Ҷураева дар боздоштгоҳ қарор дошта, имрӯз ба ӯ айбнома пешниҳод мешавад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, М.Ҷӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донигоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба фаъолият ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистион шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.