Моҳи сентябр Тоҷикистон ба маблағи 7,2 млн. $ нерӯи барқ содирот кард

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро тақрибан 42% афзуда, даромади ҷумҳурӣ аз фурӯши барқ аз нишондиҳандаи соли гузашта 34% зиёдтар шуданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 38,2 млн. доллари ИМА ба хориҷи […]



Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро тақрибан 42% афзуда, даромади ҷумҳурӣ аз фурӯши барқ аз нишондиҳандаи соли гузашта 34% зиёдтар шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 38,2 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар 1 млрд. 169 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 823,7 млн. кВ/соат ба маблағи умумии 28,5 млн. доллари ИМА баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли 2014 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 7,2 млн. доллари ИМА 223 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд.

Бино ба маълумоти ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик», нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми нерӯи барқи интиқолёфтаи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 968 млн. кВт/соат ба маблағи 33 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо соли 2012 дар соли 2013 ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 43% ва дар нишондиҳандаи пулӣ – 56% афзуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.