Мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар Душанбе

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, меҳмони олимақом  – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]



Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, меҳмони олимақом  – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Гуфта мешавад, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва саломи меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.

Зимнан зикр мегардад, ки баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.