Боздошти маҳбуси фирории ба номуси духтари 5-сола дастдарозикарда



Маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар дарёфти маҳбуси фирорӣ падари ӯ Қӯрбоналӣ Сатторов кумак карда, макони паноҳбарии Н.Сатторовро ба муфаттишон хабар додааст.

«Чанде қабл Н.Сатторовро кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи шаҳри Душанбе дар пойтахт дастгир намуданд. Айни замон мо барои дастрасии иҷозатнома барои ҳабси маҳбус мавод омода кардем», – гуфт Салимзода.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад,

мавриди ҷустуҷӯ эълон карда буд.

Маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта буд.

Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷовуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт кардаанд.

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаҳои 130 қ. 3 (Дуздидани кӯдаки ноболиғ) ва 138 қ. 3, б. «а» (Таҷовузи кӯдаки ноболиғ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кард.


Дар акс маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов.

spot_imgspot_img

Популярное