Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмии ҳайатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардиданд, миёни кишварҳо 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон […]



Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмии ҳайатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардиданд, миёни кишварҳо 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин Созишнома миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода,  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмиро низ ба имзо расониданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.