Иштироки Амирқул Азимов дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии АБП ИДМ

Раиси Кумита оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масоили мудофиа ва амният, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба кор шурӯъ мекунад, иштирок мекунад. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов […]



Раиси Кумита оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масоили мудофиа ва амният, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба кор шурӯъ мекунад, иштирок мекунад.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи комиссия ба анҷом расонидани кор рӯйи лоиҳаи қонуни қолабӣ «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм ва паҳншавии аслиҳаи қатл ом», лоиҳаи Стратегияи таъмини амнияти иттилоооти кишварҳои узви ИДМ, лоиҳаи қолабии маросимҳои маъмурӣ, қонунӣ қолабӣ «Дар бораи иншооти муҳими зербинои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ», тағйирот ба қонуни қолабӣ «Дар бораи иттилоотонӣ, иттилоот ва ҳифзи маълумот» дар назар аст.

Дар ҷараёни кори комиссия ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ», «Дар бораи амнияти марзӣ», «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагон зимни ҳимояти Ватан», Тавсия оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ дар бахши муқовимат бо терроризми технологӣ ва Тавсия барои кормандони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Иттиҳод оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ баррасӣ мешаванд.

Ба  рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссияи доимӣ ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҷараёни кор рӯи лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ (моделӣ) «Дар бораи хадамоти садамавӣ ва наҷотбахшӣ ва мақоми наҷотдиҳандагон», «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ» низ ворид шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.