Хатлон: Боз як мулло ба ҷурми қаллобӣ ҷарима шуд



Суди шаҳри Қӯрғонтеппа боз як муллоро ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кард.

Бино ба гуфти раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Сайдалӣ Сироҷиддин, сокини ноҳияи Бохтар  Раҳим Иброҳимовв ба боварии сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷ.З даромада, ӯро бовар кунондааст, ки аз тариқи хондани дуо метавонад муносибатҳои сардшудаашро бо дӯстдоштааш гарм намояд.

«Мулло Раҳим рӯзи 7 июли соли 2014 ба хонаи иҷорагирифтаи ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа омада, бо ҳуруфи арабӣ ва форсӣ дар синаи чап ва атрофи маҳбали зан гӯё дуои гармиро менависад ва бар ивазаш аз ин зан 100 сомонӣ мегирад» – гуфт раиси суди Қурғонтеппа.

Ба қавли ӯ, нисбати Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо ҳамин модда ба ӯ айб эълон карда шуд.

«Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Раҳим Иброҳимов бо моддаи 247 қисми 1 исботи худро ёфт ва суд ӯро ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар ба 10 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд,- илова кард Сайдалӣ Сироҷиддин.

spot_imgspot_img

Популярное