Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон



Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмии ҳайатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардиданд, миёни кишварҳо 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин Созишнома миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода,  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмиро низ ба имзо расониданд. 

spot_imgspot_img

Популярное