Иштироки Амирқул Азимов дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии АБП ИДМ



Раиси Кумита оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масоили мудофиа ва амният, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба кор шурӯъ мекунад, иштирок мекунад.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи комиссия ба анҷом расонидани кор рӯйи лоиҳаи қонуни қолабӣ «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм ва паҳншавии аслиҳаи қатл ом», лоиҳаи Стратегияи таъмини амнияти иттилоооти кишварҳои узви ИДМ, лоиҳаи қолабии маросимҳои маъмурӣ, қонунӣ қолабӣ «Дар бораи иншооти муҳими зербинои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ», тағйирот ба қонуни қолабӣ «Дар бораи иттилоотонӣ, иттилоот ва ҳифзи маълумот» дар назар аст.

Дар ҷараёни кори комиссия ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ», «Дар бораи амнияти марзӣ», «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагон зимни ҳимояти Ватан», Тавсия оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ дар бахши муқовимат бо терроризми технологӣ ва Тавсия барои кормандони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Иттиҳод оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ баррасӣ мешаванд.

Ба  рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссияи доимӣ ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҷараёни кор рӯи лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ (моделӣ) «Дар бораи хадамоти садамавӣ ва наҷотбахшӣ ва мақоми наҷотдиҳандагон», «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ» низ ворид шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное