Ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқиву драмавии ноҳияи Данғара имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Аз шуъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Чкаловск ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 14-15-уми октябр ҳунармандони ин театр таҳти роҳбарии Корманди шоистаи ҶТ Зубайдулло Кабудов дар Хонаи фарҳанги шаҳри Чкаловск барномаи консертӣ намоиш доданд.
Ба гуфтаи директори Театри ҷумҳуриявии мусиқиву драмавии ноҳияи Данғара Зубайдулло Кабудов, ин сафари ҳунарӣ ба муносибати 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон сурат гирифта, то 22-юми октябр идома меёбад.
«Дар таърихи театр ин нахустин сафари ҳунарӣ бо барномаи консертӣ ба вилояти Суғд аст. Сокинони шаҳру навоҳии вилоят моро хеле хубу самимона пазиройӣ мекунанд ва аз номи тамоми кормандони театр мо ба раҳбарияти вилоят барои чунин истиқболи гарму самимона миннатдорӣ изҳор менамоем», – иброз дошт ӯ.
Тавре аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд хабар доданд, барномаи консертии театр ба сокинони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Спитамен, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов ва ҳамчунин донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд низ пешкаш мегардад.



