Тавофуқи Э.Раҳмон ва И.Алиев оид ба баргузории «Низомихонӣ» дар соли оянда



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои озарбойҷонии худ Илҳом Алиев пешниҳод кард, ки соли оянда дар ҳарду кишвар «Низомихонӣ» – чорабиниҳо бахшида ба асарҳои классики машҳури адабиёти форсу тоҷик ва фарзанди бузурги халқи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ рӯи кор оварда шаванд.

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки чанде қабл бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Душанбе ташриф овард, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро изҳор намуд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ин робита зикр кард, ки ин пешниҳодро, ки ба боз ҳам наздику қаринтар гардидани ду мардуми дӯст бештар мусоидат мекунад, бо хушунудӣ мепазирад.

Қобили зикр аст, ки Низомии Ганҷавӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависӣ буда, соли 1141 дар шаҳри Ганҷаи шимоли Озарбойҷон таваллуд ёфтааст.

Дар баробари донистани илмҳои замони худ, Низомӣ аз мероси бадеии Юнони Қадим, ёдгориҳои хаттии паҳлавӣ, осори илмию адабии араб, таърихи халқҳои Қафқоз ва адабиёти форсу тоҷик пурра огоҳ буд. Вай адабиёти даҳонии халқи худ ва расму одоби насронию яҳудӣ ва паҳлавиро хуб медонист. Илмҳои табиӣ, махсусан, тиб ва нуҷум (астрономия)-ро хуб аз худ карда буд. Умуман, Низомӣ аз илмҳои зиёде баҳравар буд. Аз ҳамин сабаб, ӯро ҳамчун донишманди ҳамадон, яъне ҳаким эътироф карда буданд.

Халқи Озарбойҷон нисбат ба Низомӣ ифтихор ва эҳтироми бузург дорад. Дар Ганҷа ва Боку ҳайкалҳои муҳташами Низомӣ гузошта шудааст. Низомии Ганҷавӣ дар адабиёти ҷаҳон бо достонҳои худ машҳур аст. Тамоми осори ӯ ба форсӣ навишта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное