Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми беш аз 142 ҳазор тонна сабзавоту мева (ҳамин давраи соли гузашта беш аз 178 ҳазор тонна) содирот кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ба миқдори 36 ҳазор тонна ё худ ба андозаи зиёда аз 20% камтар аст.
Соли равон аз Тоҷикистон асосан пиёз (75 ҳазор тонна) ва хушкмева (60 ҳазор тонна) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст. Дар ин давра ҳарчанд содироти хушкмева қариб дар сатҳи соли гузашта (4 ҳазор тонна камтар) боқӣ монда бошад ҳам, содироти пиёз қариб ба миқдори 25 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Тайи ин муддат Тоҷикистон ба Қазоқистон – ҳудуди 120 ҳазор тонна, Туркманистон – 2,1 ҳазор тонна, Афғонистон – 2 ҳазор тонна, Ироқ – 1,9 ҳазор тонна сабзавоту мева содир намуда, ҳаҷми боқимонда ба кишварҳои дигари хориҷи дуру наздик рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ каме бештар аз 1,3 ҳазор тонна сабзавоту мева интиқол ёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки баъди аз ҷониби Русия рад шудани воридоти баъзе маҳсулот аз кишварҳои ғарбӣ, ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки ба 5 баробар зиёд кадани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия омодаанд.



