Ҳукми 8,5 соли зиндон ба 2 намояндаи ширкати «Ҳафт бурҷ»

Суди ноҳияи Синои пойтахт ду намояндаи ширкати «Ҳафт бурҷ» – Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Сулаймон Қосимов дар ин робита хабар дод, пас аз анҷоми муҳлати ҷазо, ба онҳо дар муддати 4 сол ба фаъолияти […]

Ҳумайро Бахтиёр



Суди ноҳияи Синои пойтахт ду намояндаи ширкати «Ҳафт бурҷ» – Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Сулаймон Қосимов дар ин робита хабар дод, пас аз анҷоми муҳлати ҷазо, ба онҳо дар муддати 4 сол ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ шудааст.

Нисбати ин намояндагони ширкат 158 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят кардаанд, ки ба тиҷорати ширкат маблағҳои гуногуни пулӣ ворид намуда, вале фиреб хӯрдаанд. Шумори мизоҷони ширкати «Ҳафт бурҷ» дар маҷмӯъ беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қаблан Олим Маъруфов ва Ориф Расулов тамоми айбномаҳоро рад карда буданд. Рӯзи 15 октябр дар сухани охиринашон дар суд онҳо изҳор доштанд, ки айбномаҳои нисбаташон пешниҳодшуда асос надоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ бо роҳи фиреб аз мизоҷон кӯшиши маблағи пулӣ гирифтанро накардаанд.

Олим Маъруфов дар толори суд гуфт: «Агар ман гунаҳкор мебудам, ҳеҷ гоҳ аз Дубай барнамегаштам. Бо пулҳои ҷамъоваришуда мо мол хариду фурӯш карданӣ будем, ки ҳам ба манфиати мо ва ҳам ба манфиати мизоҷон буд, вале вақте фаъолияти моро боздоштанд, дигар мо натавонистем ба пешравие ноил гардем».

Ориф Расулов илова кард: «Ҳеҷ гоҳ дар бораи қаллобӣ фикр накардаам. Тамоми пулҳоро мо аз мизоҷон дар асоси ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намудем ва мо чӣ гуна харҷ кардани ин пулҳоро шарҳ дода метавонем».

Адвокати маҳкумшудагон аз суд дархост намуд, ки ду нафар зерҳимояашро озод созанд, то ки онҳо маблағҳои пулии мизоҷон дар ҳаҷми 618 ҳазор доллари ИМА-ро баргардонанд, вале суд дархости онҳоро бо асоси дар қонун пешбинӣ нашудани он, ба инобат нагирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.