Коҳиши назарраси содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми беш аз 142 ҳазор тонна сабзавоту мева (ҳамин давраи соли гузашта беш аз 178 ҳазор тонна) содирот кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ба миқдори 36 ҳазор тонна ё худ ба андозаи зиёда аз 20% камтар аст. Соли равон аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми беш аз 142 ҳазор тонна сабзавоту мева (ҳамин давраи соли гузашта беш аз 178 ҳазор тонна) содирот кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ба миқдори 36 ҳазор тонна ё худ ба андозаи зиёда аз 20% камтар аст.

Соли равон аз Тоҷикистон асосан пиёз (75 ҳазор тонна) ва хушкмева (60 ҳазор тонна) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст. Дар ин давра ҳарчанд содироти хушкмева қариб дар сатҳи соли гузашта (4 ҳазор тонна камтар) боқӣ монда бошад ҳам, содироти пиёз қариб ба миқдори 25 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Тайи ин муддат Тоҷикистон ба Қазоқистон – ҳудуди 120 ҳазор тонна, Туркманистон – 2,1 ҳазор тонна, Афғонистон – 2 ҳазор тонна, Ироқ – 1,9 ҳазор тонна сабзавоту мева содир намуда, ҳаҷми боқимонда ба кишварҳои дигари хориҷи дуру наздик рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ каме бештар аз 1,3 ҳазор тонна сабзавоту мева интиқол ёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки баъди аз ҷониби Русия рад шудани воридоти баъзе маҳсулот аз кишварҳои ғарбӣ, ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки ба 5 баробар зиёд кадани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия омодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.