Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, ба санаи 17-уми октяри соли равон аз нақшаи пешбинишудаи 115 ҳазор тонна дар минтақаи шимоли кишвар 76 ҳазору 114 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 66,2%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ноҳияи Ашт – 7655 тонна, Бобоҷон Ғафуров – 11221 тонна, Зафаробод – 13299 тонна, Конибодом – 9764 тонна, Мастчоҳ – 15551 тонна, Спитамен – 8463 тонна, Ҷаббор Расулов – 10131 тона, Истаравшан – 20 тонна ва Исфара – 10 тонна ҳосили имсолаи пунбадона ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳа раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро барои вазъи ғайриқаноатбахш дар масъалаи ташкили маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта мавриди интиқод қарор дод.
Ӯ зикр кард, ки аз 68 ҳазор нафар саҳмдорони вилоят бояд 48 ҳазор нафар ба маъракаи чиниши пахта сафарбар карда шаванд, аммо ин рақам имрӯз танҳо 34 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳанӯз дар майдонҳои навоҳии Зафарободу Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт пахтаи чиниши якум боқӣ мондааст.



