Интиқоли қариб 13%-и нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар моҳи сентябр

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар корхонаву муассисаҳои зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, моҳи гузашта шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ 45,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳи август 8,3% камтар аст. Ҳаҷми истеҳсоли нрӯи барқ дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар корхонаву муассисаҳои зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, моҳи гузашта шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ 45,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳи август 8,3% камтар аст. Ҳаҷми истеҳсоли нрӯи барқ дар моҳи август шабонарӯзӣ 49,3 млн. кВт/соатро ташкил дода буд.

Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 12,6 млн. кВт/соат коҳиш ёфта, таҳлилгарони вазорат сабаби инро ба кам шудани талаботи Ширкати алюминии тоҷик ба нерӯи барқ дар соли равон мансуб медонанд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ дар моҳи сентяби соли ҷорӣ дар кишвар ба 1 млрд. 129 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи август 12,3% камтар аст. Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта бошад, истифода нерӯи барқ ба миқдори 96 млн. кВт/соат коҳиш ёфтааст.

«Моҳи сентябри имсол аз нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» аз тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 175,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 млн. кВт/соат бештар ва аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ дар ин моҳ 12,9%-ро ташкил медиҳад», – қайд мекунанд дар Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мониторинги сомонаи

www.barknest.tj

, имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ, ки низоми энергетикиаш ба «Барқи тоҷик» тобеъ нест) дар як шабонарӯз 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд, ки ба онҳо дар як шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, саҳеҳ кардани маълумот дар бораи ҳаҷми имрӯзаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз ширкати «Барқи тоҷик» муяссар намегардад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.