Як гурӯҳи меъморони Тоҷикистон ҷиҳат таҷрибаомӯзӣ ба Гурҷистон сафар мекунанд.
Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев, ки намояндаи ягонаи гурӯҳ аз минтақа мебошад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳайати гурӯҳ аз 16 нафар меъморон аз тамоми манотиқи кишвар иборат аст.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқшавии санъати меъмории Қафқоз, аз ҷумла Гурҷистон ба қораи Осиё вақти зиёдро тақозо мекунад, вале таваҷҷуҳи ӯро дар ин сафари 10-рӯза ба пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис омили дигар ҷалб мекунад.
«Оид ба ислоҳот дар Гурҷистон огаҳии зиёд дорам, вале бевосита худам мехоҳам бубинаму сарфаҳм равам, ки дар он ҷо чӣ гуна дар як муддати кӯтоҳ тавонистаанд, ки монеъаҳои маъмурӣ дар самти пешниҳоди ин ё он лоиҳа то амалисозии онро бартараф созанд, чунки ин кор дар мо муддати моҳҳо тӯл мекашад», – гуфт сармеъмори Кӯлоб.



