Таъини консули генералии нави Русия дар шаҳри Хуҷанд

Тибқи фармони вазири корҳои хориҷаи Русия ба вазифаи консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъин гардид. Ӯ дар ин симмат ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуд. Бино ба иттилои хадамаоти матбуоти раиси вилояти Суғд чанде қабл раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ консули генералии  навтаъиншуда ва собиқро ба ҳузур пазируфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus



Тибқи фармони вазири корҳои хориҷаи Русия ба вазифаи консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъин гардид. Ӯ дар ин симмат ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуд.

Бино ба иттилои хадамаоти матбуоти раиси вилояти Суғд чанде қабл раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ консули генералии  навтаъиншуда ва собиқро ба ҳузур пазируфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба минбаъд низ густариш дода мешавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо Русия равобитаи дустонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Зимни сӯҳбат Валерий Бондаренко қайд намуд, ки бори нахуст ба вилояти Суғд ташриф овардааст ва рушду ривоҷи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи минтақаро дар ҳоли устувор ва пешрафта мебинад ва дар фаъолияти минбаъдааш баҳри мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ҷаҳду талош хоҳад варзид. Ҳамчунин собиқ консули генералӣ Александр Копнин изҳор дошт, ки 4 сол инҷониб дар ин вазифа кору фаъолият дошт ва аз ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қаноатманд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки айни замон вилояти Суғд бо якчанд минтақаҳои Русия меморандум ва созишномаҳоро бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонидааст. Аз ҷумла меморандум бо шаҳру вилоятҳои Иванова, Свердловск, Оренбург ва кишвари Олтой, созишнома бошад бо вилояти Астрахан баста шудааст. Дар ин радиф айни замон лоиҳаи ҳамкориҳои минтақавӣ бо вилоятҳои Самара ва Новосибирск дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.

Роҳбари вилоят оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, зикр дошт, ки соли равон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар ин радиф дар шаҳру навоҳии вилоят як қатор марказҳои омӯзишӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ дар вилоят зиёда аз 33 ҳазор хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ таъсис ёфтааст. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст майдонҳои бекорхобидаи дашти Сомғорро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, дар ин мавзеъ шаҳраки нав ва боғи интенсивӣ бунёд намояд. Бадин васила дар вилоят раванди муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, аз оғози сол то ба имрӯз 40 ҳазор нафар муҳоҷирон дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.