Нисфи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба истифодаи гази моеъ гузашт

– Қариб нисфи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон (49%) айни замон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, – гуфта мешавад дар ҳисоботи низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. Қобили қайд аст, ки сабаби ба истифодаи гази моеъ гузаштани нақлиёти автомобилии кишварро ба гаронии нархи бензин рабт медиҳанд. Гуфта мешавад, арзиши […]

Пайрав Чоршанбиев



– Қариб нисфи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон (49%) айни замон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, – гуфта мешавад дар ҳисоботи низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Қобили қайд аст, ки сабаби ба истифодаи гази моеъ гузаштани нақлиёти автомобилии кишварро ба гаронии нархи бензин рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад, арзиши миёнаи бензин дар ҷумҳурӣ тақрибан 1,3 сомонӣ – аз 5 сомонӣ барои 1 литр дар моҳи январ то 6,3 сомонӣ дар моҳи сентябр афзуд.

Давоми 5 соли ахир бошад, нархи бензин дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна қариб то 3 сомонӣ боло рафт. Агар дар ҳамин давраи соли 2009 бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар 3,5 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз он ба арзиши 6,3 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳисобт зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 168 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта тақрибан 15 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Моҳи сентябр ҳаҷми воридоти гази моеъ ба кишвар беш аз 21,5 ҳазор тоннаро ташкил ддаоаст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли 2013 ба миқдори 4 ҳазор тонна бештар буда, гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистону Русия ворид мегардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 375 млн. доллари ИМА наздики 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм беш аз 60% ва аз рӯи арзиш тақрибан 30% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.