Кабирӣ ҳукуматро ба баргузории интихоботи мунсифона даъват кард

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 17-уми октябр дар мулоқот бо ҷавонон дар робита ба масъалаи гирдиҳамойии баргузорнашуда дар Душанбе ибрози назар намуда, аз уҳдадориҳои ҳукумат ёдовар шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ бо хитоб ба гурӯҳҳое, ки дар таърихи 10-уми октябр ба митинг фаро хонда буданд таъкид намуд, ки […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 17-уми октябр дар мулоқот бо ҷавонон дар робита ба масъалаи гирдиҳамойии баргузорнашуда дар Душанбе ибрози назар намуда, аз уҳдадориҳои ҳукумат ёдовар шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ бо хитоб ба гурӯҳҳое, ки дар таърихи 10-уми октябр ба митинг фаро хонда буданд таъкид намуд, ки Наҳзат ҳарчанд дар хостаҳои машруъ ва ҳадафҳои некашон бо онҳо шарик бошад ҳам, дар роҳ ва услуби кор ихтилоф дорад ва аз онҳо даъват намуд, ки  бигзор ба Тоҷикистон оянду ҳамаи фаъолияти худро дар чорчуби қонунҳои мавҷуда роҳандозӣ намоянд.

Ба андешаи М.Кабирӣ, «сарусадоҳои митинг ва эҳсоси бесуботии ахир дорои паёме барои ҳама мебошад: «Ин паёме барои ҳукумат, оппозитсия, Наҳзат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳама буд».

«Паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар ҳукумат ин аст. Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг баргузор нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ бисупоред ва бигӯед, ки “то омадани табар кунда меосояд” ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳед», – иброз дошт ӯ.

Раиси ҲНИТ аз интихоботи парлумонии оянда суҳбат карда, аз мақомот хост, то мардумро аз ҳоло итминон бидиҳанд, ки ин интихобот фарқкунанда хоҳад буд, тақаллуб сурат намегирад , дигар раъйи мардум дуздида намешавад ва мардум ҳаққи интихоби масъулони худро озодона хоҳанд дошт.

Муҳиддин Кабирӣ аз мақомот хост, то пеши роҳи фишорҳову таҳдидҳо ва монеъагузориҳо дар масоили динӣ ва озодӣ гирифта шавад ва итминон дода шавад, ки мардум дигар ба хотири дину тадайюн ва ба хотири либосу масҷид ва узвият дар ин ё он ҳизби сиёсӣ мавриди фишору таъқиб қарор нахоҳанд гирифт.

«Агар шумо имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин кардед, ҳеч кас дар фикри митингу тазоҳурот намешавад. Мехоҳед, ки ҳам ба мардум иҷозати рафтан ба масҷид надиҳед, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат кунед, раъйяшро тақаллуб кунед, моликияташро аз дасташон бигиред, барқ надиҳед ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии дигарро болои мардум биёваред ва боз ҳам бигӯед, ки мардум ношукр ҳастанд ва шукрона намекунанд ва ба дасисаву иғвои чанд нафар гирифтор мешаванд», – таъкид дошт раиси ҲНИТ.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мардум ин дафъа ба ҳарфи ҳукумат, оппозитсия ва имомхатибон гӯш доданд ва даст ба тазоҳурот назаданд ва ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин мушкил рафъ шуда, дар оянда ягон мушкилӣ намеояд ва агар фишор болои мардум, Наҳзат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ давом кунад, дигар мардум ба ҳарфи касе гӯш нахоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.