Чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 90-солагии пойтахт

Тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтатро доро гардидани шаҳри Душанбе  субҳи 17 октябри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр […]

ASIA-Plus



Тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтатро доро гардидани шаҳри Душанбе  субҳи 17 октябри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо  сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар яки онҳоро нисбати дар масири солҳо вобаста аз имкониятҳо  дар пешрафти шаҳр саҳми арзанда гузоштанашон  изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар арафаи ин ҷашни бошукуҳ  бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе 85 нафар сокинони 90-солаи шаҳр ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бо маблағҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

«Барои ин иқдом аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ бо инобати ба 20 нафар сокинони 90-солаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва  65 нафар сокини 90- солаву 66  нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо 1000  сомонӣ, масраф гардид», – омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.