Иштироки муовини директори АНМН дар вохӯрии минтақавӣ дар Қатар



Дар шаҳри Дохаи давлати Қатар вохӯрии минтақавии кишварҳои халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва амният оид ба воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”  баргузор гардид, ки онро Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар кори он созмонҳои бонуфуз, аз қабили GCC – Маркази иттилоотӣ-криминалӣ оид ба мубориза бо маводи нашъаовари кишварҳои Халиҷи Форс (Қатар, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Оман, Қувайт), Маркази Минтақавии Осиёимиёнагии Ҳамоҳангсозии Иттилоотӣ (ЦАРИКЦ), REFLECS (Маркази мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар), СЕЛЕК (12 кишвари Аврупои Ҷанубу Шарқӣ), Азиана Пол (бахши Интерпол), GPS-созмон оид ба банақшагирии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон-Афғонистон-Покистон), иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Халиҷи Форс, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ дар мубориза ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар дар ин минтақаҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҳамаи хадамоти ин кишварҳо баррасӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковники х.н.м.н. Ҳ. Маҳмудзода иштирок ва баромад намуда, оиди мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, коркарди муштараки оперативӣ нисбати гурӯҳҳои трансмиллӣ бо кишварҳои минтақа пешниҳодот ворид намуд, ки ин пешниҳодот аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ҳамкорикунанда қобили қабул гардид. Вохӯрии  оянда дар шаҳри Теҳрон баргузор хоҳад гардид.

spot_imgspot_img

Популярное