Ҳакимов ҳукуматро аз афзоиши коррупсия зимни истифода аз қонуни афв огоҳ мекунад



– Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро аллакай имрӯз зарур аст, ки алайҳи афзоиши амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни мавриди амал қарор додани қонуни афв чораҷӯӣ намоянд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, таҷриба борҳо собит сохтааст, ки зимни амалисозии қонунҳо «Дар бораи афв» дар Тоҷикистон, бархе аз кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ «барои пеш аз муҳлат озод кардани маҳкумшудагон» ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд.

«Бо назардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, ки то ҳанӯз душвор боқӣ мемонад, президент ва парлумон солгарди кадом як ҷашни давлатиро интизор нашуда, бояд сари ҳамасола қабул кардани қонун «Дар бораи афв» андеша кунанд», – қайд кард ҳуқуқшинос.

Ба андешаи Ҳакимов, мушкилоти сершумори иҷтимоиву маишӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ низ бояд ҳукуматдоронро ба ҳамасола эълон намудани афв ба шумори муайяни шаҳрвандони қонуншикан водор созад.

Рӯзи душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон

пешниҳод намуд.

Рӯзи 29-уми октябр лоиҳаи қонуни мазкур дар палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное