Боз ду адвокати нав баҳри ҳимояи Зайд Саидов

Ба ҷуз Исҳоқ Табаров, боз ду адваоктаи нав – Бузургмеҳр Ёров ва Абдуқаюм Юсуфов низ ба сафи ҳимоятгарони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов шомил гардиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ду ҳафта қабл онҳо ба мақомоти дахлдор дар ин хусус ариза пешниҳод намуда, чанде қабл аризаи онҳо қонеъ ва соҳиби ордер (иҷозатнома) шудаанд. Қобили […]

Мавзуна Абдуллоева



Ба ҷуз Исҳоқ Табаров, боз ду адваоктаи нав – Бузургмеҳр Ёров ва Абдуқаюм Юсуфов низ ба сафи ҳимоятгарони соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов шомил гардиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ду ҳафта қабл онҳо ба мақомоти дахлдор дар ин хусус ариза пешниҳод намуда, чанде қабл аризаи онҳо қонеъ ва соҳиби ордер (иҷозатнома) шудаанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Фахриддин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов низ ба ҳайси адвокати соҳибкор Зайд Саидов фаъолият намуда, вале ҳарду ҳам ба иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун аз ҷониби Агении зиддифасод боздошт шуданд.

Адвокатҳо зикр карданд, ки рӯзи 20-уми октябр бо зерҳимояашон Зайд Саидов дидору гуфтушунид кардаанд ва ӯ аз вазъи сиҳатиаш шикоят карда, бори навбатӣ тамоми айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо рад намудааст.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Чанд рӯз қабл ба парвандаи З.Саидов

моддаҳои нави КҶ ҶТ

– 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке,  ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) илова шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.