Ҳакимов ҳукуматро аз афзоиши коррупсия зимни истифода аз қонуни афв огоҳ мекунад

– Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро аллакай имрӯз зарур аст, ки алайҳи афзоиши амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни мавриди амал қарор додани қонуни афв чораҷӯӣ намоянд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов. Ба гуфтаи ӯ, таҷриба борҳо […]

Аваз Юлдошев



– Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро аллакай имрӯз зарур аст, ки алайҳи афзоиши амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни мавриди амал қарор додани қонуни афв чораҷӯӣ намоянд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, таҷриба борҳо собит сохтааст, ки зимни амалисозии қонунҳо «Дар бораи афв» дар Тоҷикистон, бархе аз кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ «барои пеш аз муҳлат озод кардани маҳкумшудагон» ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд.

«Бо назардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, ки то ҳанӯз душвор боқӣ мемонад, президент ва парлумон солгарди кадом як ҷашни давлатиро интизор нашуда, бояд сари ҳамасола қабул кардани қонун «Дар бораи афв» андеша кунанд», – қайд кард ҳуқуқшинос.

Ба андешаи Ҳакимов, мушкилоти сершумори иҷтимоиву маишӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ низ бояд ҳукуматдоронро ба ҳамасола эълон намудани афв ба шумори муайяни шаҳрвандони қонуншикан водор созад.

Рӯзи душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон

пешниҳод намуд.

Рӯзи 29-уми октябр лоиҳаи қонуни мазкур дар палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.