Дар Тоҷикистон обуҳаво сард мешавад

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, 23-юми октябр обуҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад. Бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳпвошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯз ба кишвари мо маҷрои ҳавои сард ворид шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 7-9 дараҷа поин меравад. Обуҳавошиносон қайд мекунанд, ки дар ин рӯз обуҳаво абрноки ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, 23-юми октябр обуҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад.

Бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳпвошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯз ба кишвари мо маҷрои ҳавои сард ворид шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 7-9 дараҷа поин меравад.

Обуҳавошиносон қайд мекунанд, ки дар ин рӯз обуҳаво абрноки ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқиӣ доманакӯҳ борони шадид бо шамоли сахт дар назар буда, дар баъзе мавзеъҳо барф ҳам меборад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво тақрибан 10 дараҷа поин фаромада, 18-20 дараҷа гарм мешавад ва аз боришоти шадид эҳтимол меравад.

Обуҳавошиносон мегӯянд, ин ҳавои сард ҳамагӣ як рӯз идома ёфта, аллакай рӯзи 24-уми октябр обуҳаво ба меъёри муқаррарӣ меояд. Аз 24 то 27-уми октябр дар ҷумҳурӣ боришот дар назар набуда, ҳаво рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.