Аз оғози соли равон дар вилояти Суғд 120 корхонаи нави хурду миёна ва бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Озифхон Шарифзода хабар дод, дар ин корхонаҳои нав қариб 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
«Имрӯз дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 538 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз оғози соли ҷорӣ ба маблағи 2,6 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (ба маблағи 641,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида буд) 132,3%-ро ташкил дод», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то ахири сол дар минтақаи шимоли кишвар боз 160 корхонаҳои нав ба истифода дода шуда, дар онҳо беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.



