Коҳиши воридоти орд ва афзоиши воридоти гандум

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон 15% коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ беш аз 22% афзуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 52 млн. доллари ИМА зиёда аз 125 ҳазор тонна орд ворид шудааст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон 15% коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ беш аз 22% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 52 млн. доллари ИМА зиёда аз 125 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 15% ва аз рӯи арзиш тақибан 20% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии наздики 64 млн. доллари ИМА 148 ҳазор тонна орд ворид гардида буд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 150 млн. доллари ИМА қариб 500 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2013 аз рӯйи ҳаҷм 22,3% ва аз рӯйи арзиш 7,4% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии ҳудуди 140 млн. доллари ИМА 408 ҳазор тонна гандум ворид гардида буд.

Қобили зикр аст, ки воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра Қазоқистон сурат гирифта, дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия низ ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.