Дар шимоли кишвар 120 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад

Аз оғози соли равон дар вилояти Суғд 120 корхонаи нави хурду миёна ва бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Озифхон Шарифзода хабар дод, дар ин корхонаҳои нав қариб 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст. «Имрӯз дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 538 корхонаҳои […]

Мавлуда Рафиева



Аз оғози соли равон дар вилояти Суғд 120 корхонаи нави хурду миёна ва бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Озифхон Шарифзода хабар дод, дар ин корхонаҳои нав қариб 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

«Имрӯз дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 538 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз оғози соли ҷорӣ ба маблағи 2,6 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (ба маблағи 641,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида буд) 132,3%-ро ташкил дод», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири сол дар минтақаи шимоли кишвар боз 160 корхонаҳои нав ба истифода дода шуда, дар онҳо беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.