Идомаи таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки сармоягузории Аврупо



Дар доираи сафар ба Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии оҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 октябри соли 2014 дар шаҳри Люксембург бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълуомти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, бо баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақсади коркард ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳое, ки барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз замони баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонк Филипп Мейштад дар соли 2009 оғоз ёфт.

spot_imgspot_img

Популярное