Иштироки навраси 15-солаи тоҷик дар ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ дар Маскав

Намояндаи ягона аз Тоҷикистон – Маҳмадӣ Маҳмудови 15-сола дар Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии хайрияи «Белая трость»-и овозхон Диана Гуртская дар шаҳри Маскав иштирок кард. Идибек Маҳмудов, падари Маҳмадӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дастандаркорони ҷашнвора бо мусоидати Кумитаи телевизиону радио онҳоро ба ин чорабинӣ даъват карда, нахуст онҳо сабтҳои овози Маҳмадиро исрол намудаанд, […]

Меҳрагез Турсунзода



Намояндаи ягона аз Тоҷикистон – Маҳмадӣ Маҳмудови 15-сола дар Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии хайрияи «Белая трость»-и овозхон Диана Гуртская дар шаҳри Маскав иштирок кард.

Идибек Маҳмудов, падари Маҳмадӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дастандаркорони ҷашнвора бо мусоидати Кумитаи телевизиону радио онҳоро ба ин чорабинӣ даъват карда, нахуст онҳо сабтҳои овози Маҳмадиро исрол намудаанд, вале танҳо баъди дастрас кардани овози зиндаи наврас, даъватнома фиристодаанд.

Ба гуфтаи падари наврас, Маҳмадӣ дар ҷашнвораҳои гуногун барои шахсони қобилияташон маҳдуд дар Тоҷикистону Туркия ва Корея низ ширкат варзидааст. Маҳмадӣ дар интернат барои нобиноён дар Ҳисор таҳсил мекунад ва озодона аз малакаи мусиқӣ навохтан дар пианинову синтезатор бархурдор аст.

Соли равон дар ҷашнвораи мазкур овозхонони маъруф Алсу, Наташа Королева, Александр Малинин, Олег Газманов, Анита Тсой, Марк Тишман, Зара, гурӯҳи «А-студио», Марина Девятова ва ҳамчунин кӯдакону наврасон аз 10 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон расман ҳудуди 10 ҳазор нафар маъюбони дорои бемориҳои нобиноӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.