Чораҳои зарурӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҷиҳати пешгирии бемории Эбола

Бобати пешгирии хурӯҷи бемории Эбола дар фурудгоҳи Душанбе чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино ба иттилоияи расмии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД), хусусияти хоси чораҳои андешидашуда аз он иборат аст, ки мусофирони хатсайрҳои дур, ки эҳтимоли аз кишварҳои фарогири бемории номбурда меоянд, мавриди маниторинг қарор мегиранд. Ба мусофирони шубҳанок дар фурудгоҳ чанд саволи маъмулӣ дода, ҳарорати бадани […]

ASIA-Plus



Бобати пешгирии хурӯҷи бемории Эбола дар фурудгоҳи Душанбе чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бино ба иттилоияи расмии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД), хусусияти хоси чораҳои андешидашуда аз он иборат аст, ки мусофирони хатсайрҳои дур, ки эҳтимоли аз кишварҳои фарогири бемории номбурда меоянд, мавриди маниторинг қарор мегиранд. Ба мусофирони шубҳанок дар фурудгоҳ чанд саволи маъмулӣ дода, ҳарорати бадани онҳо санҷида мешавад. Дар сурати пайдо кардани нишонаҳои беморӣ, нисбати мусофир чораҳои фаврӣ дида мешавад.

Дар тасаввури мардум ҷой гирифтааст, ки гӯё бемории марговари Эбола дар ҷаҳон ба воситаи мусофирони ҳавопаймоҳо бештар паҳн мешуда бошад. Оё гумони мазкур дуруст аст ва метавонад толори ҳавопаймо макони паҳншавии микробҳо бошанд?

Дар ғарб пас аз он, ки бемории мазкурро дар яке аз мусофироне, ки дар салони яке аз ҳавопаймоҳое, ки дар хатсайри дохилиафриқоӣ парвоз мекард пайдо намуданд, бонги изтироб заданд. Вобаста ба ҳамин эҳтимоли паҳншавии вируси марговарро дар мусофирони ҳавопаймоҳо мебинанд. То кадом андоза вирус метавонад дар дохили ҳавопаймоҳо бошад ва дар ҷаҳон паҳн гардад ва оё имкони пешгирии хатари марговар мавҷуд аст? Мутахассисони вирусолог ва татқиқотчиёни бемориҳои сироятӣ ба тасдиқ мегӯянд, ки дараҷаи гузаштани беморӣ аз нафари бемор ба шахси солим он қадар боло нест чунон, ки вонамуд мекунанд.

Вирусолог Джон Оксфорд аз Донишгоҳи шоҳигарии Мария исбот кардааст, ки дар дохили ҳавопаймо ҳаво аз поин ба боло давр гашта, раванди поксозии бактерия ва вирусҳо ба вуҷуд меояд ва баъдан ҳаво ба салон дода мешавад.

«Барои барҳам задани нишонаҳои беморӣ одитарин қоидаҳои санитариро риоя намудан лозим мешавад, танҳо об ва собун лозим асту халос. Покиза нигоҳ доштани бадан ва дастҳо эҳтимоли гузаштани бемориро ба маротиб кам месозад ва дар сурати заъф ёфтани бадан, агар ҷойи сироятдида бо спирт тоза карда шавад микробҳои сироятӣ дар сонияи баъдӣ пурра нобуд мегарданд», – тасдиқ намудааст вирусолог.   

Вараҷаи геморрагии Эбола – бемории марговарест, ки метавонад ҳангоми алоқаи наздик тавассути хун ва илтиҳоми шахси бемор, инчунин ба воситаи ашёҳои заҳролудшудаи нафари бемор ба шахси солим гузарад.

Бештари маврид беморӣ миёни хешу табор ва шахсони наздик зуд паҳн мегардад, зеро онҳо ҳангоми нигоҳубини бемор дар алоқаи наздик мебошанд. Ҳангоми сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо аллакай бемории мазкур ба қайд гифта шудааст, аз наздик шудан бо мардумони таҳҷойӣ, инчунин бо маймунҳо ва кӯршаппаракҳо худдорӣ кардан лозим аст.  Тавсия дода мешавад, ки дар чунин кишварҳо аз воситаҳои шахсии ҳимоя истифода намуда, аз рафтан ба ҷойҳои серодам ва наздикшавӣ бо шахсони табашон баланд худдорӣ намудан лозим аст.

Беморӣ метавонад дар билкул рӯзҳо баъди ба бадан афтодан хурӯҷ намояд, бештар пас аз 8-10 рӯз аз худ дарак медиҳад.

Оғози беморӣ хеле серҳаракат аст, миёни нишонаҳои аввалин: сардард, хун қай кардан, шикамравӣ бо хун, дарди мушакҳои бадан, аз чашм, гӯш, бинӣ, зираи дандон, ҷорӣ шудани хун. Ҳарорати бадан метавонад то 38-40 дараҷа боло равад. Баъдан сулфаи хушк ва дарди қафаси сина ошкор мешавад.

Барои пешгирии беморӣ лозим аст, ки ҳавои хона, бино, иншоотро мунтазам тоза карда, рӯбучини хона бо усули истифодаи латтаи тар гузаронида шуда, гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад. Аз ҷойҳои тасодуф нахаридани хӯрданиҳо тавсия дода мешавад.

Дар сурати ошкор намудани нишонаҳои беморӣ маскаи муқаррарӣ ё аз докаи 4-5 қабата омодашуда пӯшида, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Нафароне, ки аз кишварҳое омадаанд, ки дар онҳо бемории Эбола ба қайд гирифта шудааст ва нишонаҳои бемориро дар худ пайдо кардаанд, ҳатман ба духтур тариқи телефон муроҷиат намоянд. Тавсия дода мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба табобати худсарона машғул шудан лозим нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.