Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон 15% коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ беш аз 22% афзуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 52 млн. доллари ИМА зиёда аз 125 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 15% ва аз рӯи арзиш тақибан 20% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии наздики 64 млн. доллари ИМА 148 ҳазор тонна орд ворид гардида буд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 150 млн. доллари ИМА қариб 500 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2013 аз рӯйи ҳаҷм 22,3% ва аз рӯйи арзиш 7,4% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии ҳудуди 140 млн. доллари ИМА 408 ҳазор тонна гандум ворид гардида буд.
Қобили зикр аст, ки воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра Қазоқистон сурат гирифта, дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия низ ворид карда мешавад.



